Чанде қабл зимни мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва узви Шӯрои давлатӣ ва вазири мудофиаи Чин Лян Гуанле дар Пекин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ баррасӣ шуданд.
Ёдрас мекунем, ки айни замон вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Чин қарор дорад.
Бино ба маълумоти «Жэнмин жибао», Лян Гуанле таъкид доштааст, ки Тоҷикистону Чин дар доираи СҲШ ҳамкориҳои хуби амалиро роҳандозӣ карданд. «Ҳарду кишвар оид ба як қатор масоили муҳими минтақавӣ ва байнулмилалӣ мавқеи ягона ё ба ҳам монандро доранд», – иброз доштааст ӯ.
Ба қавли Лян Гуанле, муносиботи низомии Чину Тоҷикистон тамоили солим ва рушди устуворро касб кардаанд. «Чин дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон ба идомаи таҳкими муносибатҳои ҳамкории низомӣ дар бахшҳои гуногун омода аст», – гуфтааст узви Шӯрои давлатӣ ва вазири мудофиаи Чин.