Дар ҳошияи кори машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Пекин мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таҳсил ва омодагии шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи Русияро ба имзо расониданд.
«Ин Созишнома заминаи зарурии ҳуқуқӣ барои таҳсили шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар омӯзишгоҳҳои суворовӣ ва корпусҳои кадетии Вазорати мудофиаи Русияро фароҳам меоварад», – менависад хабаргузории РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Русия Ирина Ковалчук.
Гуфта мешавад Н.Сердюков ҳамчунин бо ҳамтои қирғизи худ Таалайбек Омуралиев низ гуфтушунид анҷом дода, ҷонибҳо асноди ҷуброни маблағи пардохт барои истифодаи макони ҷойгиршавии иншооти низомии Русия дар Қирғизистонро ба имзо расонидаанд.
«Ҳамин тариқ, мушкилоти мавҷудаи қарз барои иҷора ҳал шуда, имзои протоколи мазкур маънои пардохти қарзро дорад», – таъкид кардааст Ковалчук.