Шаби 1-ум ба 2-юми майи соли равон дар назди истгоҳи метрои «Выхино»-и шаҳри Москва миёни чанд нафар муноқишае ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа чанд тан, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, яке аз онҳо – Ҷумъахонов Руслан Холбобоевич (соли таваллудаш 1979) дар ҳоли ҳозир дар пажуҳишгоҳи ба номи Н. В. Склифосовскийи ш. Москва бистарӣ аст. Дигаре – Давлатов Зорро Шарофалиевич (соли таваллудаш 1977) дар шифохонаи №36-и ш. Москва зери муоинаи табибон мебошад.
Дар идома манбаъ аз шарҳи сабабҳои сар задани муноқиша, то кадом дараҷа вазнин будани ҷароҳатҳои шаҳрвандони тоҷик худдорӣ варзида, зикр кард, ки мавзӯъ мавриди пайгирии сафорат қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти нашрияи «Российская газета», кормандони пулиси ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда панҷ нафар – як сокини шаҳри Маскав ва чор нафар тоҷиконро боздошт намудаанд. Дар ҷойи ҳодиса се гилза ва як тири таппончаи травматикӣ ва ҳамчунин пораи хунолуди арматура дарёфт шудааст.
Сабабҳои сар задани муноқиша то ҳанӯз дақиқан маълум нестанд, вале аз мастиву сархушӣ ба занозанӣ даст задани иштирокчиёни муноқиша аз эҳтимол дур нест. Айни замон масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноӣ ҳаллу фасл мешавад.