Имрӯз фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ ба шаҳри Маскав рафт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, ҷаласаи ғайринавбатӣ ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ санаи 25-уми май баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа аз фаъолияти бистсолаи Шӯрои зикршуда ва мақомоти доимии он – Хадамоти ҳамоҳангсоз натиҷагирӣ шуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи марзӣ матраҳ мегарданд.