Макомоти хифзи хукуки Точикистон ВКД, кумитаи давлатии амнияти милли ва хадамоти мухочират аз 10-ум то 28-уми май дар худуди чумхури амлиети махсуси «Шахсони гайриконуни-2012»-ро гузаронид.
Тавре ба АП аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, хадафи асосии гузаронидани амалиёт ошкор кардани мухочирати гайриконуни, пешгирии кочоки гайриконунии инсон, ба рох мондани назорат аз болои шахрвандони хоричи, ки дар худуди Точикистон умр ба сар мебаранд, ба хисоб меравад.
Ба иттилои манбаъ зимни амалиет дар худуди бозори «Корвон» бо сабаби надоштани хуччатхо 53 шахрвандони хоричи дастгир карда шуда, нисбати 5-тои онхо, мутобики кодекси хукуквайронкунихои маъмури, протоколхо тартиб дода шуда, онхо ба маблаги 4 хазору 400 сомони чаримбанди шуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар чараени гузаронидани амалиёт дар худуди тамоми чумхури 87 шахрвандони хоричи ошкор карда шуданд, ки конуну коидахои буду бош дар худуди Точикистонро риоя намекарданд.
Аз ин хисоб теъдоди бештарро шахрвандони Хитой ва Афгонистон ташкил медоданд.