Ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба макони баргузории тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳовар-2012» – машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд ҳозир шуданд. Ёдрас мекунем, ки ин тамринҳо аз 8 то 14-уми июн доир мегарданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаи низомии марказӣ, чанде қабл иштирокчиёни тамринҳо вазъи омодагии ҳайати шахсӣ ва техникаро аз назар гузарониданд. Ҳайати фармондеҳии Ҳавзаи низомии марказӣ сарулибоси сарбозону афсарон, таъминоти онҳо бо ғизо, ҳолати аслиҳаву муҳимот ва мошинҳои ҷангиро санҷид.
«Дар ҷараёни сафар ба макони баргузории тамринҳои низомӣ беш аз 350 нафар сарбозону афсарони русиягӣ дар зиёда аз 50 адад техникаи ҳарбӣ ду ағаби пурбарфи кӯҳии «Анзоб» ва «Шаҳристон»-ро паси сар намуданд, – гуфт манбаъ. – Пас аз ҳозир шудан ба нуқтаи таъинот сарбозону афсарон ба иҷрои вазифаҳои омӯзишиву ҷангӣ дар доираи баргузории тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви СҲШ «Рисолати сулҳовар-2012» идома медиҳанд».