Сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин генерал-полковник Чэн Бинде рӯзҳои 5-7-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди намояндаи воломақоми артиши Чин бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ ва намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ дар назар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушунидҳо масоили марбут ба рушди ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникии дуҷониба, омодасозии кадрҳои афсарӣ барои Тоҷикистон дар макотиби олии низомии Чин матраҳ мешаванд.
Ҳамчунин дар ҳошияи сафар сардори Ситоди кулли Артиши Чин дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ширкат меварзад.