Чанде қабл Деннис Косгров, Мушовири калони шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) оиди ҳифзи тартиботи ҳуқуқи Сафорати ИМА ва муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, генерал Вайсиддин Азаматов ба мизи мудаввар, ки барои намояндагони марказҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва узвҳои матбуот баргузор гардида буд, ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, мизи мудаввар тайи ду рӯз дар саридораи Агентӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Он ба кормандони матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати во хӯрдан бо ҳамкорон аз васоити ахбор ва баррасӣ намудани масъалаҳо оид ба пахши ахбороти таъҷилӣ, баргузор намудани нишасти матбуотӣ, фаъолият дар шароити бӯҳронӣ, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои беназирро фароҳам овард.
Мизи мудавварии мазкур инчунин барои иштирокчиёни курси “Робитаи ҷомеа ба васоити ахбори омма”, ки соли гузашта аз ҷониби Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии сафорат ташкил гардида, намояндагони Идораи робита бо ҷомеаи Дафтари Федералии Тафтишотӣ (ДФТ) онро баргузор намуданд, ҳамчун курси такмилдиҳӣ ба ҳисоб рафт.
Дар рафти мизи мудаввар сафири ИМА Кен Гросс дар нақшбозӣ иштирок кард ва аз тарафи яке аз агентҳои ДФТ мусоҳиба бо ӯ барои нишон додани техникаи суҳбати бо соҳибмансабдорони давлатӣ ба тарзи “як ба як”ба таври гайрирасмӣ гузаронида шуд. Мусоҳиба дар мини-студиои Агентии назорати маводи нашъаовар сабт карда шуд ва ширкаткунандагон фурсати дидани сабти мусоҳиба ва баҳс кардани манфиатҳо ва камбудиҳои онро доштанд.
Чорабини мазкур ба сафари дуҳафтаинаи ёвари махсуси муовини Директори Идораи робита бо ҷомеаи Дафтари Федералии Тафтишот, ки ба Агении назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд ва бо маркази матбуотии он зич ҳамкорӣ намуд, хотима бахшид. Бо мақсади мусоидат намудан ба Маркази матбуотии Агентӣ дар бораи воқиф гардонидани ҷомеа оид ба фаъолият ва дастовардҳо, Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорат дар таърихи 1 июни соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни 13 солагии Агентии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти кориро супорид. Шӯъбаи мазкури Сафорат дуюмин агенти калони махсуси Идораи робита бо ҷомеаи ДФТ-ро ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба кори дуҳафтаина (аз 6 то 18 июни соли 2012) аз рӯи барномаи ДФТ- “Лоиҳаи воридкунӣ ба маркази матбуоти Агентӣ” даъват намуд.
Ҳукумати ИМА мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва сохторҳои адлияи онро дастгирӣ хоҳад намуд ва ҳамкории худро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва мудофиаи шаҳрвандон идома хоҳад дод. Аз соли 2003 то ин ҷониб Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА зиёда аз 52 миллион долларро баҳри дастгирии барномаҳои ислоҳотӣ дар соҳаи бехатарӣ ва волоияти қонун барои халқи Тоҷикистон ҷудо намудааст.