Рӯзҳои 12-14 июни соли равон дар шаҳри Денпасари Индонезия Конференсияи XXIX байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо мухаддирот (IDEC – XXIX) ба кори худ оғоз менамояд.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар кори он директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров иштирок менамояд.
Ба иттилои манбаъ, Р.Назаров дар назди иштирокчиёни конфронс суханронӣ намуда, дар доираи сафар бо як қатор роҳбарони сохторҳои зиддимухаддироти баъзе кишварҳо дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.
Конференсияи XXIX байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо мухаддирот (IDEC) соли 1983 таъсис дода шудааст. Дар он намояндагони зиёда аз 90 кишвари ҳамаи қитъаҳои олам иштирок менамоянд.
Соли 2010 дар конференсияи навбатии IDEC дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории чорҷониба оид ба интиқоли маводи мухаддир тавассути «хатсайри Шимол» қарор қабул гардида буд. Ба ҳайти он намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД ҶИА, Агентии мубориза бо мухаддироти ШМА (ДЕА) ва ХФНМН Федератсияи Россия дохил шуданд.