Бино ба маълумоти таҳлилгарони Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар зарфи 5 моҳи соли равон муфаттишони мақомоти мазкур беш аз 6,7 ҳазор парвандаҳои ҷиноиро мавриди тафтиш қарор додаанд.
Аз шумори умумии парвандаҳои ҷиноии дар истеҳсолоти муфаттишон қарордошта 1 ҳазору 960 парванда оид ба 3 ҳазору 421 далел бо айбнома ба баррасии суд ирсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 парванда бештар аст. Тибқи ин парвандаҳои ҷиноӣ 2 ҳазору 412 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, нисбат ба 1 ҳазору 185 нафари онҳо чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ шудааст.
Гуфта мешавад, мутобиқи моддаи 200-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) 169 парванда нисбат ба 247 нафар, моддаҳои 201-205 (Муомилоти ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор, парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадор ва ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) 108 парванда нисбат ба 115 нафар, риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ 206 парванда нисбат ба 208 нафар шаҳрвандон боз шудааст.
Барои даст ба дуздиву ғоартгарӣ задан 870 нафар шаҳрвандон боздошт шуда, 146 нафар ба қаллобӣ муттаҳам дониста шудаанд.