Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии гумонбар ба узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Одилбой Усмонов хабар дод, пагоҳ, 19-уми июн, дар бинои суди ноҳия баррасии парвандаи ҷиноии сокини 45-солаи маҳаллӣ Бурҳонхӯҷа Абдуқодиров шурӯъ мешавад.
Ба гуфтаи судя, судшаванда дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189, қ. 2 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307, қ. 2 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон),307, илов. (прим.)1, қ. 2 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 307, илов. 2, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 307, илов. 3, қ. 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор карда мешавад.
Усмонов зикр кард, ки Б.Абдуқодиров 28-уми марти соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд боздошт шуд. Ҳангоми азназаргузаронии нуқтаи фурӯши мутааллиқ ба ӯ як миқдор адабиёт ва варақаҳои дорои хусусияти ифротгароӣ дарёфт ва мусодира шуданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни тафтишот ошкор гардидааст, ки судшаванда соли 2009 ба сафи созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» шомил гардида, ба паҳн кардани варақаҳо ва таблиғоти афкори ин созмон миёни ҷомеа машғул будааст.