Вазорати мудофиаи Русия тасмим гирифт, ки маблағгузорӣ ба рушди пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро алҳол мутаваққиф созад, зеро «гуфтушунид доир ба масоили будубоши он дар қаламрави Тоҷикистон пас аз соли 2014 ба мушкилӣ ҷараён дорад».
Бино ба маълумоти хабаргузории «Интерфакс», сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерали артиш Николай Макаров дар робита ба ин масъала гуфтааст, «гуфтушунид дар ин хусус ба мушкилӣ ҷараён дорад, вале мо умедворем, ки дар ниҳояти кор ақли солим ғолиб хоҳад омад».
Ӯ хотирнишон сохтааст, ки миёни ду кишвар дар хусуси имзои протокол оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон баъди соли 2014 мувофиқа ҳосил шуда, имзои он дар семоҳаи аввали соли 2012 пешбинӣ гардида буд.
«Мутаассифона, ин нақшаҳо амалӣ нашуданд. Тоҷикистон ногаҳон якравӣ карда, мо маҷбур шудем, ки то возеҳу аён шудани вазъ маблағгузорӣ барои ободонии пойгоҳро боздорем», – таъкид кардааст генерали рус.