spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эҳтимоли ҳамин ҳафта ҳал шудани масъалаи будубоши пойгоҳи низомии Русия


Зимни гуфтушуниди вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия дар Калиниград аз қабули қарор дар бораи будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон эҳтимол меравад, – иттилоъ медиҳад хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба доираҳои сиёсӣ-низомии Русия.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрии вазирони мудофиаи Русияву Тоҷикистон Анатолий Сердюков ва Шералӣ Хайруллоев дар ҳошияи кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар Калиниград, ки имрӯз оғоз мегардад, баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Калиниград таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, субҳи рӯзи 4-уми июл вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ ба Русия сафар кард. Манбаъ аз шарҳи иттилооти ВАО-и Русия оид ба гуфтушуниди вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русяи доир ба масъалаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон худдорӣ варзид. «Мо дар бораи ин гуфтушунидҳо маълумот надорем», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерали артиш Николай Макаров ба хабаргузории «Интерфакс» изҳор дошт, ки Вазорати мудофиаи Русия тасмим гирифтааст, маблағгузорӣ ба рушди пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро алҳол мутаваққиф созад, зеро «гуфтушунид доир ба масоили будубоши он дар қаламрави Тоҷикистон пас аз соли 2014 ба мушкилӣ ҷараён дорад».

 «Гуфтушунид дар ин хусус ба мушкилӣ ҷараён дорад, вале мо умедворем, ки дар ниҳояти кор ақли солим ғолиб хоҳад омад», – гуфта буд ӯ.

Ӯ хотирнишон сохта буд, ки миёни ду кишвар дар хусуси имзои протокол оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон баъди соли 2014 мувофиқа ҳосил шуда, имзои он дар семоҳаи аввали соли 2012 пешбинӣ гардида буд.

«Мутаассифона, ин нақшаҳо амалӣ нашуданд. Тоҷикистон ногаҳон якравӣ карда, мо маҷбур шудем, ки то возеҳу аён шудани вазъ маблағгузорӣ барои ободонии пойгоҳро боздорем», – таъкид кард генерали рус.

Пештар аз ин изҳорот генерали дигари рус, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин изҳор дошта буд, ки масъалаи имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли нокомӣ қарор дошта, мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба имзо нагардидани он боис гарданд.

«Дар робита ба мушкил шудани ихтилофҳои пешбинишуда миёни давлатҳо дар масоили энергетика, об ва истифодаи замин, бо иштироки Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд низоъҳои маҳдуди мусаллаҳона дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ пайванданд», – иброз дошта буд В.Чиркин.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ин изҳороти мансабдори воломақоми низомии Русияро «беназокатии сиёсӣ» унвон кард.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбе муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости изхор кард, ки гуфтушунидҳо оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба иллати дар паҳлӯи Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор доштани нерӯҳои низомии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба дарозо мекашанд.

Ба андешаи ӯ, ҳузури чунин гуруҳи бузурги нерӯҳхои НАТО дар паҳлӯи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ омили таъсиргузор буда, ин кишварҳо онро нодида гирифта наметавонанд.

«Пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, ки умедворам базудӣ сурат мегирад, вазъ ба таври назаррас тағйир хоҳад ёфт, – гуфтааст Рогозин. – Ҳузури нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ҷовидона нест, Русия бошад, шарики абадии ин кишварҳост ва худо накарда, агар вазъи таъмини амнияти давлат ва мардуми ин кишварҳо ба мушкилӣ печад, онҳо Русия ва СААД-ро ба хотир меоранд».

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...