spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Идомаи боздошти халабонони тоҷик дар Афғонистон


Аз 12 нафар ҳайати кормандони ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр», ки дар Кобул боздошт шуда буданд, ҳафт нафарашон ба ватан баргаштанд.

Дар суҳбати телефонӣ бо ОИ «Азия-Плюс» яке аз кормандон ин ҳайат бо номи Илҳом Қаюмов хабар дод, ки тақдири панҷ нафар кормандони боқимонда ҳанӯз маълум нест. «Муддати 2 моҳ аст, ки моро дар як манзиле дар канори шаҳри Кобул нигоҳ дошта, шиносномаҳоямонро то ҳанӯз барнагардонидаанд. Чун ҳуҷҷат надорем, равуо дар шаҳр барои мо мушкил аст», – гуфт вай ва таъкид кард, ки шароити будубоши онҳо «муътадил» аст.

Илҳом ҳамчунин зикр кард, ки намояндагони сафорати Тоҷикистон пайи ҳалли мушкилоти онҳо кӯшиш ба харҷ дода, рӯзҳои наздик директори генералии «Тоҷик Эйр» ва муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон низ бояд ба Кобул оянд.

Ба қавли номбурда, ӯ то ҳанӯз ба сабаби манъ кардани парвози чархболҳо сарфаҳм намеравад. «Он рӯз мо тамоми расмиёти парвоз аз фурудгоҳро анҷом дода будем, вале бевосита зимни ворид шудан ба чархбол моро дар бораи истифодаи ғайриқонунии чархболҳо огоҳ намуданд», – мегӯяд Илҳом. Ӯ зикр кард, ки муддати чандин сол тибқи қарордод дар ширкати Supreme Food, ки нерӯҳои низомии эътилоф дар Афғонистонро бо маводи ғизойӣ таъмин мекунад, кор мекардааст.

Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабари боздошти ду чархболи ширкат дар Афғонистонро, ки дар чанде аз расонаҳои хабарӣ иншор шуд, рад месозад. Дар иттилои аз ҷониби хадамоти матбуоти ширкат чопшуда зикр мегардад, ки ду чархболи МИ-8МТВ бо ҳайати кормандони техникиву халабонон мутобиқи қарордод бо як ширкати машғул ба таъминоти ғайринизомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон фаъолият доранд.

«Бинобар сабаби ба вуҷуд омадани баҳсҳо миёни корфармо ва Вазорати нақлиёт ва ҳавопаймоии Афғонистон, фаъолияти беш аз 30 ҳайатҳои кормандони ҳавопаймоҳову чархболҳо боздошта шуд, ки миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон ва Колумбия ҳузур доранд», – гуфта мешавад дар хабари ширкати ҳавопаймоӣ.

Дар ширкати ҳавопаймоӣ таъкид мекунанд, ки ҳайати кормандони чархболҳо боздошт нагардида, дар сафари хидматианд ва озодона дар шаҳри Кобул будубош доранд.

«Айни замон ширкате, ки ҳайати кормандони чархболу ҳавопаймоҳоро киро кардааст, ҳамаҷониба баҳри ҳалли баҳси ҷойдошта кӯшиш ба харҷ медиҳад, – гуфтанд дар ширкат. – Пас аз ҳаллу фасли масъала ҳайати кормандон ба фаъолияти худ идома медиҳанд».

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...