Мутобиқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шаҳри Хоруғ, нимаи аввали имрӯз ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба супурдани аслиҳа шурӯъ мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, шаби гузашта дар Хоруғ нисбатан ором сипарӣ шудааст. «Тақрибан баъди нимашаб дар мавзеъҳои шаҳр, ки рӯзи 24-уми июл амалиёти низомӣ доир гардида буд, тирпарронии бетартибона аз аслиҳаи оташфишон сурат гирифта, муддати зиёд давом накард», – гуфт манбаъ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, нерӯҳои ҳукуматӣ ба ин ҳодиса вокуниш нишон надоданд, зеро он ба ҳаёти аҳолии осоишта ва намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хатар эҷод намекард.