Дар робита ба амалиёти низомии идомадоштаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар ВМКБ, Вазорати корҳои хориҷии Русия ба шаҳрвандонаш, аз ҷумла кӯҳнавардону сайёҳон тавсия медиҳад, ки аз сафар ба минтақаи Помир худдорӣ кунанд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дода шудааст.
Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Русия ба он таваҷҷуҳ зоҳир месозад, ки гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Помир метавонанд баста бошанд.