spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Хоруғ беш аз 200 адад аслиҳа ихтиёрӣ супурда шуд


Дар зарфи ду рӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ беш аз 200 адад аслиҳаи оташфишон ихтиёрӣ ба мақомоти ҳукумат супурда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, аз аҳолии ин минтақа миқдори махсусан калони яроқу лавозимоти ҷангӣ, ба хусус даҳҳо мил автомати «Калашников», пулемёт, норинҷакҳо, гранатомёт,  снарядҳо, тӯп, сарулибоси ҳарбӣ, тирҳои гуногунтамға ва дигар яроқҳои вазнини ҷангиву лавозимоти ҳарбӣ, инчунин маводи доруворӣ бароои муолиҷаи захмҳо гирифта шуданд.

«Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои мусоидат ба ҷараёни ихтиёран супурдани яроқу аслиҳа аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ ба намояндагони дин, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҷавонон, аҳли зиё ва сокинони ҷудогонаи шаҳри Хоруғ изҳори миннатдорӣ менамояд», – таъкид дошт Асадуллоев.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ВКД изҳор кард, ки имрӯз низ ҷараёни супурдани аслиҳа идома хоҳад ёфт.

Қаблан ВКД эълом дошта буд, ки шахсоне, ки ихтиёран аслиҳаи ғайриқонунӣ нигоҳдоштаи худро месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни ихтиёран таслим кардани яроқу аслиҳа дар Хоруғ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта пас аз гуфтушуниди тӯлонии ҷонибҳо оғоз гардид.

Амалиёти маҳви гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар Хоруғ санаи 24-уми июл оғоз гардид. Аъзои ин гурӯҳ ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал Абдулло Назаров гумонбар дониста мешаванд. Марҳилаи фаъоли амалиёт пас аз як рӯз ба анҷом расид. Бино ба маълумоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар ҷараёни амалиёт ду тан аз аҳолии осоишта ҳалок шудаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...