Дар зарфи 8 рӯз аҳолии шаҳри Хоруғ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёрӣ беш аз 500 адад яроқу аслиҳа супурд, – гуфт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев.
Ба гуфтаи ӯ,чанде қабл як миқдори калони яроқ ва силоҳи оташфишон аз аҳолӣ мусодира карда шуда, ин яроқу аслиҳа асаосан аз навъҳои гуногуни автомати Калашников, норинҷак, миқдори зиёди тирҳо аз зермили гулӯлаандоз, пулемёт, яроқҳои суфтамил, таппонча, тирдон ва тирҳои гуногунтамға ва дигар яроқу лавозимоти ҷангӣ иборатанд.
Намояндаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъкид кард, ки ҷараёни халъи силоҳ дар Хоруғ бо мусоидати фаъолонаи рӯҳониёни маъруф, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва афроди ҷудогона сурат мегирад.
«Айни замон барои ҷорӣ кардани тартибот дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ тадбирҳои махсус андешида мешаванд», – гуфт вай.
Чанде пештар ба майдони ҷаримаи шаҳри Хоруғ 20 адад автомашина оварда шуданд, ки дар қаламрави шаҳр бидуни иҷозати дахлдор, шишаҳои сиёҳшуда ва ё рақамҳои сохташуда ҳаракат мекарданд.