Шоми рӯзи сешанбе як ҳайати Вазорати мудофиаи Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов ба Душанбе омад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни сафар А.Антонов бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар мансабдорони баландпояи ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар дидору гуфтушуниди ҳайати низомии Русия бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба нақша гирифта нашудааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки масъалаи асосии гуфтушунидҳо ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Русия муддати чаҳор сол аст, ки доир ба масъалаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон гуфтушунид доранд.
Моҳи июли соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки гуфтушунидҳо перомуни ин масъала ба таври маъмулӣ ҷараён доранд, вале қаблан фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Владимир Чиркин гуфта буд, Тоҷикистон дар масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ шартҳои ғайриқобили қабулро пеш гузоштааст.
Баъдтар вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков изҳори боварӣ намуда буд, ки моҳи октябр Тоҷикистон ба имзои қарордод бо шартҳои пешина омода хоҳад буд.
ВАО иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон барои ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомӣ «пардохти на камтар аз 250 млн. доолари ИМА-ро дархост кардааст». Кремл тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро ба муддати 49 соли минбаъда дар назар дорад.