Зимни конфронси матбуотӣ дар Душанбе муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов изҳор кард, ки бо дархости Тоҷикистон Русия шумори квотаҳо барои таҳсили курсантҳои тоҷик дар макотиби олии низомии Русияро афзуд.
«Ҳамтоҳои тоҷикистонии мо чанде қабл дархост намуданд, ки шумори квотаҳои таҳсили ройгон дар макотиби олии низомии Русия барои курсантҳои тоҷик афзуда шавад. Вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ин дархостро ба инобат гирифта, тақрибан ба андозаи 20% шумори квотаҳо барои таҳсили ройгони курсантҳои тоҷикро зиёд кард, ки ин ҳудуди 150 нафарро ташкил дода, онҳо аллакай тирамоҳи соли равон ба таҳсил шурӯъ мекунанд», – гуфт Анонов.
Ҳайати Вазорати мудофиаи Русия таҳти роҳбарии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюков шоми 7-уми август ба Душанбе омад. Дар ҷараёни сафар Анатоий Антонов бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар мансабдорони баландпояи ҳукумати кишвар дидору гуфтушунид анҷом дод.
Дар гуфтушунидҳои мазкур масоили ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи бузургтарини нерӯҳои хушкигарди Русия дар хориҷи ин кишвар буда, ҷузъу томҳои он дар се шаҳри Тоҷикистон – пойтахт ва ду шаҳр дар ҷануби ҷумҳурӣ мустақар шудаанд. Пойгоҳи мазкур соли 2004 ба муҳлати 10 сол таъсис дода шуда буд.