Ахири ҳафтаи гузашта дар Қоҳираи Миср ба гумони даст доштан дар куштори донишҷӯйи тоҷик, ки дар Донишгоҳи ал-Азҳар таҳсил мекард, шаҳрванди Миср Карим Рамазон Аззуз боздошт шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Дарвози ВМКБ Ҳоҷӣ Амриддини 28-сола бо осори зиёди захмҳои корд дар яке аз шифохонаҳои Қоҳира бистарӣ гардида, пас аз як рӯз ба ҳалокат расидааст.
Ба қавли дӯстони ӯ, марҳум оиладор ва соҳиби ду фарзанд буда, донишҷӯйи соли аввали факултаи шариати исломии донишгоҳи зикршуда будааст.
Гуфта мешавад, қотил бо мақсади азхуд кардани телефони ҳамроҳ ба шаҳрванди Тоҷикистон дарафтодааст.
Мақомоти Миср қотилро тавассути телефони мобилии марҳум пайдо кардаанд, ки телефонро ба як савдогар фурӯхта будааст.