Шурӯъ аз соли 2000-ум Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ афсарону сарбозони эҳтиётиро ба тамринҳои омӯзишиву методӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар даъват мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар даҳаи сеюми моҳи август чунин як тамрин дар ноҳияи Дарвози ВМКБ баргузор шуда, он ба ҳеҷ ваҷҳ ба амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ ҷиҳати халъи силоҳ аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша рабте надорад.
Ӯ таъкид кард, ки нимаи аввали соли равон дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон низ барои афсарону сарбозони эҳтиётӣ тамринҳо доир гардида буданд.
«Мувофиқи нақшаи Вазорати мудофиа, сар аз соли 2002 даъвати раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ба ин тамринҳо оғоз гардид», – зикр кард Ф.Маҳмадалиев.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа изҳор кард, ки намояндагони як қатор васоити ахбори умум бидуни фарқ гузоштан миёни масъалаи ҷалби афсарону сарбозони эҳтиётӣ ба тамринҳои омӯзишиву методӣ ва масъалаи сафарбаркунии умумӣ, дар ҷомеа вазъи ногувору ташвишовареро ба миён меоранд.
«Дар Тоҷикистон ба сафарбаркунии умумии афсарону сарбозони эҳтиётӣ ҳеҷ зарурате мавҷуд нест, зеро дар кишвар фахои сулҳу субот ҳукмфармо аст», – афзуд Ф.Маҳмадалиев.