Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон имкон надорад, ки 117 нафар маҳбусонро аз Хуҷанд ба муассисаҳои ислоҳотии Душанбе интиқол диҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати баҳисобгирии махусуси Сарраёсати мазкур Гулзора Тайроншоева хабар дод, ба ин кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон иҷозат намедиҳад, зеро роҳи оҳани Душанбе-Ҳуҷанд қаламрави ин кишварро низ убур мекунад.
«Сокинони Душанбе, ки дар вилояти Суғд даст ба ҷиноят задаанд, бояд пас аз 10 рӯзи ҳукми қонунӣ гирифтани ҳалномаи додгоҳ, бояд ба Душанбе ё вилояти Хатлон фиристода шаванд», – мегӯяд вай.
Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Суғд муассисаҳои ислоҳотӣ барои занон, ноболиғон ва афроде, ки бори нахуст даст ба ҷиноят задаанд, мавҷуд набуда, танҳо муассисаҳои ислоҳотии низоми қатъӣ ва шадид амал мекунанд
«Бо ҳавопаймо интиқол додани маҳбусон хеле гарон ва бо нақлиёти автомобилгард бошад, хел хатарнок буда, айни замон ҷиҳати дар муассисаҳои ислоҳотии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба миқдори ниҳоят зиёд зиндонӣ нагардидани маҳбусон чораҳо андеида мешаванд», – афзуд Тайроншоева.