Муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Надиров имрӯз ҷиҳати иштирок дар машварати сардорони ситоди кулли кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Маскав сафар кард.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии СААД, машварат таҳти раёсати сардори Ситоди муттаҳидаи созмон, муовини аввали вазири мудофиа ва раиси Кумитаи сардорони ситоди Вазорати мудофиаи Қазоқистон Сакен Жасузаков баргузор шуда, дар кори он Дабири кулли СААД Николай Бордюжа иштирок ва маърӯза хоҳад кард.
Гуфта мешавад, дар машварат масоили рушди ҳамкориҳои низомӣ дар доираи созмон, такмили сохтори амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуда, аз санҷиши доиргардида дар ҷузъу томҳо ва қисмҳои низомии кишварҳои узви СААД, ки ба ҳайати Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали Нерӯҳои ҳомии сулҳ шомиланд, натиҷагирӣ хоҳад шуд.