Дирӯз дар Душанбе амалиёти нест кардани аслиҳаи сабуки оташфишон, ки бо дастагириии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон доир мегардад, оғоз гардид.
Аз Дафтари САҲА дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки амалиёти дурӯза дар Раёсати таъминоти моддиву техникӣ ва низомии ВКД ҶТ баргузор мегардад.
«Бо истифода аз техникаи буридани аслиҳа, ки замоне аз ҷониби САҲА ворид гардида буд, мутахасссисони вазорат дар маҷмӯъ 609 дад аслиҳаро, ки дар ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 2012 ҷамъоварӣ гардида буд, нобуд месозанд», – гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, қисмати асосии ин аслиҳа зимни ҷараёни ихтиёран таслим гамудани яроқ дар ВМКБ, ки тайи чанд ҳафтаи ахир идома дошт, ҷамъоварӣ гардид.
«Нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон ба коҳиши хатари паҳн шудани аслиҳа нигаронида шуда, барои таъмини амният дар Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад», – иброз дошт роҳбари шуъбаи ҳарбӣ-низомии Дафтари САҲА дар ҷумҳурӣ Алэстер Ливингстон зинми боздид аз коргоҳ оид ба нобуд сохтани аслиҳа.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи ВКД ҶТ генерал-майор Фарҳод Шодмонбеков изҳор кард, ки САҲА дар бунёди имконот оид ба нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон дар Тоҷикистон ва барузории ин амалиёт нақши муҳим дошта, аз байн бурдани аслиҳаи ғайриқонунӣ ва яроқи зиёдатӣ дар таъмину сулҳу субот нақши ҳалкунанда дорад.