Директори нави Бахши Фармондеҳии Марказии ИМА оид ба банақшагирӣ, сиёсат, стратегия ва барномаҳои кӯмакдиҳӣ генерал-майор Бейдлер ҳафтаи равон бори нахуст бо сафари кӯтоҳмуддат ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ташриф овард.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, чанде қабл ҳангоми боздиди расмии худ аз Тоҷикистон генерал-майор Бейдлер бо масъулини дахлдори ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати ИМА мулоқотҳо доир намуда, масъалаҳои амнияти боиси нигаронии мутақобиларо мавриди баррасӣ қарор дод.
«Зимни мулоқотҳо ӯ изҳор кард, ки Фармондеҳии Марказӣ ИМА ба дастгирии таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ омода аст», – хабар дод манбаъ.