Аз 5 то 16-уми октябр дар фазои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Осмони соф» (Чистое небо) тамринҳои муштараки низомӣ доир мегарданд.
Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар тамринҳо масоили ҳамкории муштараки низоми муттаҳидаи дифоъи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мавриди омӯзишу машқ қарор мегиранд.
Тоҷикистонро дар ин тамринҳо гурӯҳи зудамали Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ таҳти сарварии муовини фармондеҳи Нерӯҳои низомии ҳавоӣ ва дифоъи зиддиҳавоӣ полковник Саидаҳмад Умаров намояндагӣ мекунанд.
Санаи 5-уми июли соли 2012 зимни ҷаласаи 62-юми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил дар шаҳри Калиниград оид ба баргузор намудани ин тамринҳо тасмим гирифта шуда буд.