spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ИМА ҷиҳати дастгирии тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон 9,5 млн. $ ҷудо мекунад


Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва Рустам Назаров, директори   Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба наздикӣ созишномаи дуҷонибаро ба имзо расониданд,  ки мувофиқи он ҳукумати ИМА 9.5 миллион доллари амрикоиро барои дастгирии барномаҳои вобаста ба амнияти марзҳо, ислоҳоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва рушди соҳаи адлия дар Тоҷикистон ҷудо менамояд.

 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, кӯмаки молиявии Ҳукумати ИМА барои пешгирӣ намудани интиқоли ғайриқонунии амвол ва одамон тавассути марзҳои Тоҷикистон  ва дастгирӣ намудани  барномаи фарогири  ислоҳоти соҳаи милитсия  бо ташкил додани гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ва баргузор намудани омӯзиш барои  сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ истифода бурда мешавад.  Қисми ин маблағ ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои сайқал додани маҳорати мутахассисони ояндаи соҳаи ҳуқуқ равона карда мешавад. 

Ҳукумати ИМА маблағи иловагии 1 миллион доллари захираи ташаббусҳои зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CACI) бо мақсади  дастгирӣ намудани имкониятҳои  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) ҳангоми гузаронидани тафтишот ва ҳабси нашъаҷаллобон  ҷудо хоҳад кард.  Маблағи мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкории байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва воҳидхои мансуб ба CACI дар Ҷумҳурии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя кӯмак мекунад.  Дар чаҳорчӯбаи ин барнома,  Ҳукумати ИМА бунёди инфрасохтор , таъмини таҷҳизот ва кӯмакҳои техникӣ, баргузор намудани омӯзишҳо  пешбинӣ шуда, фаъолияти АНМН ва  воҳидҳои махсуси онро дастгирӣ мекунад. 

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки  дар оянда кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон идома диҳад.  Аз соли 1992 то инҷониб Сафорати ИМА баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои кӯмакрасонрасон, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисод, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза бар зидди маводи мухадирро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд,  зиёда аз 984 млн долларро  ҷудо намудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...