Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назаров имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви ИДМ, ки дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН иттилоъ доданд, дар ҷаласа баррасии масоили марбут ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви ИДМ дар давоми соли равон ва дурнамои кори он дар соли 2013 ва солҳои минбаъда дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои табодули захираҳои маълумот оид ба таҳияи лоиҳаи стратегияи зиддимухаддиротии кишварҳои узви ИДМ, натиҷаҳои амалиёти «Канал-Восток» ва дигар амалиёти муштарак дар доираи амалиёти минтақавии «Канал» ва натиҷаҳои тамрини байнулмилалии воҳидҳои зиддимухаддиротӣ ва мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узви СААД низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.