Ҳимоятгари аз ҷониби наздикони Абдулвосит Латифов, маъруф ба «Қорӣ Восит» кирошуда Шуҳрат Қудратов мутмаин аст, ки зерҳимояаш дар яке аз биноҳои хадамоти махсус дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
«Тибқи баъе маълумот, рӯзи 20-уми октябр Латифов дар Волгоград аз ҷониби шахсони номаълум рабуда шуда, рӯзи 24-уми октябр пинҳонӣ ба Душанбе оварда шудааст. Айни замон ӯ дар яке аз биноҳои хадамоти махсус қарор дорад», – гуфт ҳимоятгар ва таъкид намуд, ки шахсони расмӣ маълумоти дар Тоҷикистон қарор доштани Латфиовро инкор менамоянд.
«Дар ин робита ман ба Прокуратураи генералӣ бо дархости мушаххас кардани макони будубоши зерҳимояам муроҷиат кардам, зеро мутобиқи қонунгузорӣ, ҳар як шаҳрванд аз замони боздошт ба ҳимоят ҳуқуқ дорад», – иброз дошт Қудратов.
Ба қавли ӯ, «истирдоди пинҳонӣ»-и Латифов «ғайриқонунӣ буда ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ мухолиф аст», зеро ӯ таҳти ҳимояти Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон қарор дорад ва аз ин рӯ, ҷониби Русия ба истирдоди Латифов аз қаламраваш ва гузашта аз ин, ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурдани ӯ ҳуқуқ надорад.
«Феълан вазифаи аввалиндараҷаи ман аз он иборат аст, ки макони будубоши Латифовро муайян ва дидору гуфтугӯ бо ӯро ноил гардам», – мегӯяд ҳимоятгар.
Музаффар Латифов, бародари Абдулвосит Латифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз як сарчашмаи муътамад онҳо маълумот гирифтаанд, ки «Қорӣ Восит» дар Душанбе мебошад. «Дар ин бора маълумоти иловагӣ нагирифтаем. Мо ҳимоятгар киро карда, умедворем, ки ӯ ба бисёр ҳолатҳо рӯшанӣ меандозад», – гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки пас аз чанд рӯзи озод шудан аз боздоштгоҳи Волгоград шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, дар доираҳои ҷиноӣ маъруф ба «Қорӣ Восит» рӯзи 20-уми октябр бедарак шуд. «Қорӣ Восит» моҳи ноябри соли 2010 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт гардид. Баъди боздошт ҷониби Тоҷикистон аз Русия талаб намуд, ки Абдулвосит Латифовро ба ихтиёри Душанбе супорад. «Барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия», суди шаҳри Волгоград дар бораи истирдоди ӯ қарор қабул кард.
Дар Тоҷикистон Абдулвосит Латифов дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили куштор, роҳзанӣ, одамдуздӣ гумонбар дониста мешавад. Тибқи баъзе маълумот, аъзои дастаи Қорӣ Восит ба даст доштан дар 25 амали террористӣ ва марги беш аз 40 нафар муттаҳам дониста мешаванд. Қобил ба ёдоварист, ки мақомот қатли собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, марги 19 марзбони рус ва 4 корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдатро дар солҳои 90 –ум кори дасти гурӯҳи Қорӣ Восит арзёбӣ намуда буданд.
Бино ба Хадамоти федералии амнияти Русия, солҳои 90-ум аъзои дастаи Абдулвосит Латифов дар урдӯгоҳҳои низомии Эрон ва Покистону Афғонистон таълими ҳарбӣ гирифтаанд. Соли 2011 хадамоти махсуси Русия аъзои ин гурӯҳ Зубайдулло Шоев ва Боймурод Хоҷаевро ба Тоҷикистон истирдод намуданд. Моҳи августи соли 2011 бо қарори суд Боймурод Хоҷаев ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.
Ҳамчунин мавриди тазаккур аст, ки аввали соли равон Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ба Ваколатдори Русия дар назди Суди Аврупо Георгий Матюшкин мактубе ирсол кард, ки дар он нисбат ба ҳодисаҳои аз Русия бедарак шудани арзкунандагоне, ки кишварҳои хориҷӣ истирдодашонро талаб мекунанд, изҳори нигаронии ҷиддӣ карда шуда буд.
Елена Рябинина, роҳбари барномаи русиягии «Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ»-и Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон, ки ба гурезагон аз минтақаи Осиёи Марказӣ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, изҳор дошта буд, ки раиси Суди Аврупо аз ҳодисае изҳори нигаронӣ кардааст, ки Муродҷон Абдулҳақов, Сӯҳроб Қозиев, Савриддин Ҷӯраев ва Рустам Зоҳидови бедаракшуда, ки истирдоди онҳо мувофиқи қоидаи 39-и регламенти суд боздошта шуда буд, аз ҷониби шахсони номаълум ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бурда шудаанд.
Юлия Аксёнова, ҳимоятгари русиягии Абдулвосит Латифов иттилоъ медиҳад, ки зерҳимояи ӯ низ таҳти ҳифозати Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон қарор дорад. Ахири моҳи октябр муҳлати аз ҷониби Суди Аврупо ба Русия додашуда, ки дар давоми он бояд Русия оид ба парвандаи Латифов ба суд тавзеҳи хаттӣ мефиристод, ба итмом мерасад. Ба қавли ҳимоятгар, ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон перомуни рабуда шудани Латифов факс ирсол гардидааст.