Имрӯз дар Душанбе зимни мулоқоти сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Щералишо Мирзо бо муовини сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Вазорати амнияти ҷамиятии Чин генерал Чжоу Шу-Куйем масоили роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи марзбонони Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили ҳамкориҳо дар бахши табодули мутақобилаи маълумот, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм низ матрҳ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни сафар ба Тоҷикистон ҳайати марзбонони Чин аз маркази таълимии нерӯҳои марзбонӣ ва омӯзишгоҳи олии марзбонии ҷумҳурӣ низ боздид карданд.
Аз рӯи натоиҷи сафари ҳайати марзбонони Чин ба Тоҷикистон имзои санади ҳамкориҳо миёни нерӯҳои марзбонии ҳарду кишвар дар назар аст.