Имрӯз дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон мулоқоти дурӯзаи Гурӯҳи кории минтақавии маълумотӣ оид ба прекурсорҳо ба кор оғоз кард, ки дар он аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирина Карпова ва Далер Сайфуллоев иштирок мекунанд.
Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, иштирокдорони мулоқоти корӣ масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо ва табодули захираҳои маълумотӣ дар ин самтро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, нишасти мазкур дар доираи иҷрои қарори Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба прекурсорҳо ташкил шудааст, ки 1-2 майи соли 2012 дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд ва он дар чаҳорчӯби Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва пешгирии ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он мегузарад.
Зимнан зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат мекунанд.