spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Идомаи кӯмаки ИМА ба мақомоти зиддимухаддироти Тоҷикистон


Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба воҳидҳои махсуси зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсиониро ба маблағи умумии беш аз ду млн. доллари ИМА тақдим намуд.

Тавре за сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими мазкур хотимаи бомуваффақияти марҳилаи якуми лоиҳаи ташаккули шабакаи байниидоравии коммуникатсионӣ қайд карда шуд. Ин шабака воҳидҳои махсуси мазкурро бо малакаҳои тамосгирӣ бо ҳамдигар ҳангоми амалиётҳои зидди маводи мухаддир ва терроризм, инчунин дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунад.

Сафир Эллиотт иброз дошт: «Ман бо камоли мамнуният нерӯҳои амниятии Тоҷикистонро ҷиҳати такмили қобилиятҳои коммуникатсионии онҳо дастгирӣ мекунам. Шабакаи мазкур аҳамияти бузурги худро ҷиҳати ҳамоҳангсозии амалҳои ҷавобии байниидоравӣ ба ҳодисаҳои воқеъии сатҳи ҷумҳуриявӣ исбот намуд.»

Сафир Эллиотт инчунин ба марҳилаи дуюми лоиҳаи ташаккулдиҳии шабакаи коммуниктсионии фарогирандаи минтақаҳои дигар ифтитоҳи расмӣ бахшид.

Инъоми мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки Сафорати ИМА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъмин намудаст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико барои  барномаҳои кӯмакдиҳандаи ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, амният ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз як млрд. доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...