Рӯзи 14-уми ноябри соли ҷорӣ фармондеҳи амалиёти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Кен Тово ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми сафар ӯ бо намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико в хӯрда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва манфиатҳои минтақавро баррасӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби сафар ба Тоҷикистон генерал-майор Тово бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот анҷом дода, масоили ҳамкориҳои минбаъдаи ҳарбии ду кишвар, аз ҷумлаи муносибатҳои Фармондеҳии амалиёти махсус (SOCCENT) ва Қувваҳои фармоиши махсуси Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан зикр гардид, ки инчунин генерал-майор бо масъулини баландпояи ҳарбӣ вохӯрӣ баргузор намуд, ки ҳангоми он омодагии Фармондеҳии амалиёти махсусро дар таъмини сулҳу субот ва бехатарӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд.