Корхонаи воҳиди давлатии «Заря Востока» метавонад боз ба корхонаи истеҳсоли маҳсулоти низомӣ барои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) табдил дода шавад.
Директори корхона Қаюмҷон Маҳмудов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки «Заря Востока» ягона корхонаи боқимонда дар назди СААД ҳамчун корхона барои саноати низомиву техникӣ ба рӯйхат шомил гардида, минбаъд истифодаи он аз рӯи таъинот пешбинӣ гардидааст.
Ба қавли Маҳмудов, айни замон корхона ба истеҳсоли маводи ниёзи мардум машғул аст, вале ин ба дубора бозгаштан ба тавлиди маҳсулот барои эҳтиёҷоти низомӣ халал намерасонад, зеро дар замони шӯравӣ ҳам дар як қисмати корхона маҳсулоти таъиноти низомӣ ва дар қисмати дигараш маҳсулоти ниёзи ҳамарӯзаи мардум истеҳсол мегардид.
«Ин иқдом дар доираи СААД шояд ба он вобаста бошад, ки бо оғози фаъолият аз соли 1968 корхонаи «Заря Востока» дар бунёди комплексҳои саноатии энергетикаи атомии Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми босазо гузошт ва дар сурати маблағгузории кофӣ, имрӯз ҳам барои истеҳсоли маҳсулоти таъиноти низомӣ имкон дорад», – гуфт ӯ.
Директори корхона зикр кард, ки мутобиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия аз соли 2005, дар ҳамдастӣ бо Маркази федералии технологияҳои дугонаи «Союз»-и Русия корҳои безарар намудани партовҳои сӯзишвории дурушти мушакии дорои бериллий идома дошта, анҷоми корҳо соли 2015 дар назар аст.