Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Русияро дар роҳандозии фаъолияти созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ғайриқонунӣ нигоҳдории маводи таркандаву аслиҳа гумонбар медонанд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати умури дохилии Русия, моҳи ноябри соли 2012 дар доираи як амалиёти фавиву ҷустуҷӯӣ кормандони мақомот 18 нафарро ба гумони узвияту ҳамкорӣ бо ин созмони террористӣ боздошт намуда, аз макони зисти онҳо норинҷаку аслиҳаи оташфишон, маводи таркандаву ба маблағи 1 млн. доллари ИМА пулҳои сохтаву қалбакӣ ва адабиёту дискҳои маводи таблиғотӣ дарёфт кардаанд.
Баъдтар пас аз боздошт намояндаи хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Ҳавзаи федералии Марказӣ ба хабаргузории РИА «Новости» иттилоъ дод, ки боздоштшудагон ба баргузории як амалиёти террористӣ дар роҳи оҳан соли 2010 омодагӣ гирифта будаанд.
«Саҳеҳан маълум шуд, ки онҳо амали террористӣ каме дуртар аз истгоҳи роҳи оҳани «Москва-Рижская»-ро зимни гузаштани қатораи мусофирбар санаи 4-уми ноябри соли 2010 тарҳрезӣ карда будаанд», – гуфта мешавад дар иттилои сомонаи ВКД Русия.