spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳи 201 танҳо дар қаламрави пойгоҳ


Маълумоти пахшшуда дар чанде аз ВАО оид ба дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳи низомии Русия ва аҳли оилаи онҳо начандон ба бандҳои созишномаи аввали моҳи октябр баимзорасида миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон мувофиқат мекунад.

Дар ин робита сухангӯи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳи низомӣ ва аҳли оилаи онҳо дар назди қонунгузории Тоҷикистон танҳо дар қаламрави мутааллиқ ба пойгоҳ амал мекунад ва дар сурати содир шудани қонуншиканӣ аз ҷониби онҳо дар ин қаламрав, онҳо мутобиқи қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

«Агар ҳайати шахсии пойгоҳи низомӣ ва аъзои оилаи онҳо берун аз ҳудуди қаламрави пойгоҳ ба қонуншиканӣ даст зананд, онҳо мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавоб хоҳанд гуфт», – таъкид кард сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ.

Дар робита ба гуфтаҳои дабири кулли СААД Николай Бордюжа оид ба дахолат надоштани низомиёни Русия дар низоъҳои дохилии Тоҷикистон, номбурда иброз дошт, ки дарвоқеъ воҳидҳои низомии пойгоҳ танҳо дар сурати таҳдид аз хориҷи кишвар метавонанд истифода шаванд. «Айни замон Тоҷикистон барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ дар дохили кишвар аз нерӯву воситаи кофӣ бархӯрдор аст», – афзуд номбурда.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...