Рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни сафар масъалаҳои ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз он ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, омӯзиши кадрҳо ва ҳамкориҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, зимни сафар баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин оид ба ҳамкории наздисарҳадӣ дар назар дошта шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин сафар вазири корҳои дохилиро роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Абдураҳим Раҳимов, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидов, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Зумрад Солиева ва сардори ББМ «Интерпол» Ҷамшед Машрабов ҳамроҳӣ менамоянд.