Чанде қабл дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии марлумии Чин вохӯрии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Сянчжу ва муовини аввалаш Ян Хуанмин баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов оид ба таҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сухан ронда, як қатор таклифҳои муфид оид ба таҳкими ҳамкориҳо байни вазоратҳоро пешниҳод намуд.
Сипас вазирони ҳарду ҷониб Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин оид ба ҳамкории наздисарҳадиро ба имзо расониданд. Ҳамчунин ҳайати намояндагони Вазорати корҳои ба Раёсати Марказии бехатарии ҳаракати роҳҳои шаҳри Пекин ташриф фармуда, бо сардори Раёсати мазкур вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори Раёсати Марказии бехатарии ҳаракати роҳҳои шаҳри Пекин аз дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами технологияи навтарин оид ба мушоҳидаи ҳаракат дар роҳ ва системаи мушоҳидавӣ дар роҳҳо ба ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод.
Хамзамон намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз Донишгохи милитсияи таъиноти махсуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин боздид карданд. Дар Донишгоҳи мазкур воҳидҳои гуногуни таъиноти махсуси вазорат усулҳои пешгирии ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаҳо, киштиҳои ҳавоӣ, озод намудани гаравгонҳо ва безаррар гардонидани террористонро намоиш доданд.