Чанде қабл дар мулоқоти раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров бо ҳамоҳангсози мусоидати ИМА бо кишварҳои Авруосиёи Департаменти давлатии ИМА Д.Розенблум ва ҳамроҳони ӯ масоили ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, Назаров барои кӯмак ва дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳукумати ИМА изҳори миннатдорӣ намуд. Аз сатҳи рушди ҳамкориҳо дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноатмандӣ шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси Агентӣ ба меҳмонон дар бораи фаъолият ва вазифаҳои АНМН, ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти интизомии кишвар бо кишварҳои ҳамсояи минтақа маълумот дода, онҳоро бо вазъи мухаддирот дар Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи Департаменти давлатии ИМА ба фаъолият ва комёбиҳои Агентӣ дар мубориза бо маводи мухаддир баҳои баланд дода, фаъолияти муваффақонаи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самтро таъкид намуд.