Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандии вилояти Суғд доир гардид, ки дар он аз ҷараёни амалисозии Барномаи давлатии ягонаи ҳадафнок оид ба пешгирии нашъамандӣ дар ҶТ барои солҳои 2008-2012 натиҷагирӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар кори ҷаласа муовини директори Агентӣ Бунафша Одинаева, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз, раисони шӯрои ҳамоҳангсози барнома дар шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласа муовини директори АНМН Бунафша Одинаева муҳимияти натоиҷи барномаро таъкид сохта, изҳор намуд, ки минбаъд дар доираи таҳияи барномаҳои давлатии алайҳи нашъамандӣ лоиҳаи Стратегияи ҶТ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ барои солҳои 2013-2020 пешниҳод шудааст.
Сардори Раёсати АНМН дар вилояти Суғд Ҳалимҷон Маҳмудов зикр кард, ки дар давоми амалисозии барнома барои солҳои 2008-2012 дар вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 3 тоннаву 485 кило маводи мухаддир мусодира гардида, зиёда аз 1 ҳазор нафар ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят боздошт шудаанд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов иброз дошт, ки сарфи назар аз баъзе камбуду норасоиҳо дар ҷараёни амалисозии барнома, дар маҷмӯъ натиҷаҳоро метавон қаноатбахш арзёбӣ намуд ва таҷрибаи дар ин давра андӯхтаро мебояд дар барномаҳои минбаъдаи давлатии зидди нашъамандӣ истифода кард.