Ҳафтаи гузашта мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо ноиби президенти ширкати Theodor Wille Intertrade AG (“TWI”) Ҷей Скоггин барпо гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мусоҳибон масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судмандро миёни Тоҷикистон ва ширкати номбурда дар соҳаи ворид кардани маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, озуқаворӣ ва ғайра ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти қувваҳои муҳофизи сулҳи байналмилалӣ дар Афғонистон (ISAF) муҳокима намуданд.