Бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов аз 1 январи соли 2013 Ҷумъаназар Раҳматов мушовири вазири корҳои дохилӣ доир ба ҳамкорӣ бо аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ғайридинӣ таъин карда шуд.
Бино ба маълумоти сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, муовини нави вазир Раҳматов қаблан солҳои тӯлонӣ дар сафи кормандони милиса ва Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат дар мансабҳои гуногун ифои вазифа намудааст.
«Вазифаи мушовир оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа соли гузашта таъсис дода шуда, то имрӯз касе ба он таъин нагардида буд», – гуфт ӯ.