Зимни пешгирии қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон аз ҷониби марзбонон як нафар ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, дар посгоҳи марзии воқеъ дар мавзеи Ёгеди ноҳияи Дарвози ВМКБ марзбонон афродеро ба мушоҳида гирифтаанд, ки кӯшиши убури марзро доштаанд. Пас аз итоат накардан ба огоҳӣ, онҳо ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта, яке аз қочоқгарон, Фурқат Алишбекови 31-сола ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ду нафар ҳамроҳонӣ ӯ – шаҳрвандони Афғонистон муяссар шудааст, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд. Яке аз онҳо низ захмӣ шудааст.
«Дар ҷойи ҳодиса шаш зарфи дорои бензин ошкор гардида, аз ин метавон ба хулоса расид, ки ин гурӯҳ ба қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул будааст», – гуфтанд дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ.