Дар минтақаи шимоли кишвар шахсони номаълум ба сӯи кормандони БДА тир кушода, дар натиҷа як корманди милиса дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва корманди дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, ин ҳодиса чанде қабл дар посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии воқеъ дар баромадгоҳи шаҳри Конибодом ба самти Исфара рух додааст.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, кормандони посгоҳ як автомашинаро барои тафтиши ҳуҷҷатҳо боздошт карда, маълум шудааст, ки ронанда ҳуҷҷати дахлдори иҷозати ронандагӣ надорад. Сипас санади боздошт таҳия гардида, қарор додаанд, ки автомашинаро ба майдони ҷаримавӣ интиқол диҳанд, вале боздоштшудагон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷа як корманд ҳалок ва дигарӣ ҷароҳат бардошт», – зикр кард манбаъ.
Гуфта мешавад, айни замон ҷиҳати боздошти афроди мусаллаҳ чораҳои фаврӣ андешида мешаванд. Аз ҷузъиёти дигари қазия алҳол маълумот дода нашуд.