Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки синну солашон ба ҳадди ниҳоӣ расида буд, ба нафақа гусел карда шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, нафақахӯронро бо ифтихору қадрдонӣ аз хизмати содиқонаашон муовини вазири корҳои дохилӣ Саидҳон Ҷӯрахонов ба нафақа гусел намуд.
«Шумо собиқадорони пуртаҷрибаед, аз ин рӯ ба сафи Шӯрои собиқадорони мақомот ворид шуда, малакаю таҷрибаи кории худро ба кормандони ҷавони Вазорати корҳои дохилӣ омӯзонед», – гуфт ӯ.
Ҷӯрахонов С.Қ. ба онҳо аз номи роҳбарияти Вазорат тӯҳфаҳои арзишнок супорида, дар зиндагӣ барору комёбиҳо таманно намуд.