Таҳияи лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» моҳи март пурра ба итмом мерасад. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири адлияи ҶТ, роҳбари гурӯҳ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур Абдуманнон Холиқов хабар дод.
«Гурӯҳи корӣ соли гузашта таъсис ёфта, то моҳи март мо ният дорем, ки таҳияи лоиҳаи қонунро ба анҷом расонем. Сипас он дар мизи гирд баррасӣ шуда, ба ҳукумат равона мегардад», – гуфт вай.
Ба иловаи он вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев зикр кард, ки ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Коллегияи адвокатҳо, адвокатҳои мустақил, кормандони мақомоти прокуратура ва суд шомиланд. «Дар таҳияи лоиҳаи қонун ҳеҷ мушкилие надорем», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли вазир, соли гузашта ба 37 нафар ҳуқуқшиносон ҷиҳати амалисозии адвокати ваколатдор иҷозатнома дода шудааст ва бо назардошти ҳамасола дар макотиби олӣ тайёр кардани беш аз 2 ҳазор нафар мутахассисони дипломдор, ин як мушкилоти воқеӣ аст. «Ин яке аз масъалаҳои асосиест, ки зарурати таҳияи қонуни нав дар бораи адвокатураро таъкид месозад», – афзуд номбурда.