spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ф.Саидов: Қатли хеши президент фармоишӣ буд


Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ҳодисаи қатли язнаи президенти кишвар, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-сола хусусияти фармоишӣ дошт.

Зимни нишасти хабарӣ ҳангоми посух ба ҷой доштани хусусиятҳои коррупсионӣ дар ҷинояти мазкур Ф.Саидов таъкид кард, ки ҳамчун собиқ корманди фаврӣ ин ақидаи шахсии ӯст.

Ба қавли вай, хешовандони Сафаров дар кони тилои Шугнов роҳбарӣ дошта, ҳодисаҳои дуздиву қаллобиро дар он ҷо пешгирӣ ва чанде аз чунин коргаронро аз кор холӣ кардаанд.

«Холмӯъмин Сафаров аз поквиҷдониву софдилии худ осеб дид. Ҷинояткорон ӯро барои қасос ҳадаф интихоб карданд», – иброз дошт Саидов.

Ёдрас мекунем, ки 18-уми январи соли равон Суди олии Тоҷикистон Диловаршо Қосимов, гумонбар ба қатли Холмӯъмин Сафаровро ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Парванда махфӣ унвон шуда,

мурофиа пушти дарҳои пӯшида

дар боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлияи ҶТ баргузор шуд.

Диловаршо Қосимов мутобиқи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда – куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва серзанӣ гунаҳкор эътироф гардид. Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари Д.Қосимов хабар дода буд, ки зерҳимояи ӯ худро танҳо дар серзанӣ гунаҳкор эътироф намуда, таъкид кардааст, ки ӯ дар содир намудани ин ҷиноят даст надорад.

Ба қавли адвокат, ояндаи наздик ӯ аз болои ин ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...