Дар гузашти низомӣ ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки санаи 23-юми феврал дар майдони Дӯстии пойтахт баргузор мегардад, бори нахуст дар таърихи замони истиқлол занони хизматчии ҳарбӣ низ ширкат меварзанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар гузашти низомӣ иштироки сафи занон аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ба нақша гирифта шудааст.
«Ҳамучунин дар гузашти низомӣ бори нахуст иштироки сафи махсуси намояндагони Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ низ дар назар аст», – гуфт ӯ.
Ба қавли котиби матбуотии вазорат, ҳамин тариқ шумори иштирокчиёни гузашти низомӣ аз 6 ҳазор то 10 ҳазор нафар зиёд мешавад, зеро қаблан танҳо иштироки ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе, воҳидҳои қушӯнҳои дохилӣ, Академияи ВКД, Гвардияи миллӣ, воҳидҳои КҲФ ва нерӯҳои марзбонӣ дар назар буд.
Қобили зикр аст, ки ба гузашти низомии мазкур сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ ва гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.