Марзбонони тоҷик аз як ҳодисаи навбатии умури марзи давлатӣ аз ҷониби қочоқбарони афғон ҷилавгирӣ намуданд.
Бино ба маълумоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, шаби 2 ба 3-юми феврал дар яке аз посгоҳҳои марзии Панҷ сарҳадбонон як гурӯҳи марзшиканонро ба мушоҳида гирифтаанд. Сипас маълум шудааст, ки онҳо узви гурӯҳи қочоқбари маводи нашъаовари Малук валади Муллоанвар будаанд.
«Задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, яке аз қочоқбарон кушта ва ба боқимондагон муяссар шуд, дар торикии шаб худро ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд», – гуфт манбаъ.
Зикр мегардад, ки субҳи 3-юми феврал аз ҷойи ҳодиса як карабин бо тирҳояш, якчанд адад воситахои алоқа ва ҳамчунин 20 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис дарёфт шудааст.